Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

  • Posted on: 24 June 2020
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан дар ҳама давру замонҳо аз фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият ба ҳисоб меравад. Тавре ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад.
Агар ба таърихи пурғановати миллат назар афканем, мебинем, ки сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд ва маҳз ҳамин арзишҳои олӣ миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, аз санҷишҳову имтиҳонҳои басо сахтгиронаи таърих гузаронида, ҳамбастагӣ, бақо ва рушду нумӯи онро таъмин намудаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ба ҳамин маънӣ зикр намудааст:

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем…
Бин, ба мо ҳар субҳ чун бар офтоб,
Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем.

Бисту се сол пеш маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина, муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, ки тавассути сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он комёб гаштем, дар Ватани маҳбуби мо ризоияти ҷомеа, сарҷамъии мардум ва тамомияти арзии кишвар таъмин гардид ва барои таҳкиму тақвияти истиқлолияти давлатӣ шароити созгор фароҳам омад.
Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ва масъалаи наҷоти миллат зарурати таърихӣ пеш овард, то бо кадом роҳе, ки бошад, ҷараёни имзои Созишномаи сулҳ тезонида шавад.
Ниҳоят, пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ин ҳуҷҷати наҷоти миллат ба имзо расонида шуд ва он ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои таҳкими сохти қонститутсионӣ ва низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳайё сохтани ҳаёти орому осудаи мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Ҷавҳари асосӣ ва моҳияти таърихии Созишномаи сулҳ дар он аст, ки он иродаи сулҳпарвари миллати моро нишон медиҳад. Омили асосии ба сулҳ расидан аз замири халқи озодидӯст ва фарҳангпарвари тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр намуда, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем.
Замони соҳибистиқлолӣ ва шароити пуртазоди ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як фарди худогоҳ барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ саъю кӯшиш намуда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш саҳми шоистаи худро гузорад.
Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи тараққиёти худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф ва мақсад бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, ҳама табақаҳои ҷамъиятро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад. Чунин андеша ва ҳадафи муттаҳидкунанда барои мо маҳз ғояи ваҳдати миллӣ мебошад.
Ваҳдати миллӣ мисли об ва ҳаво як асоси ҳаётист ва фаҳмидани қимати он барои мо зарурати воқеӣ мебошад. Зеро маҳз аз баракати ваҳдати миллӣ мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам карда, мушкилоти зиндагии худро ҳал намоем ва Ватанамонро обод гардонем.
Мо бояд барои тантанаи ваҳдати миллӣ садоқатмандона талош варзида, Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста саъй намоем. Ҳар шахси худогоҳро зарур аст, ки ҳамчун фарзанди бовафои Ватан бо андешаи бунёдкорона ва кору пайкори садоқатмандонаи худ барои пойдории оромиву осудагии кишвар ва мустаҳкам гардидани рукнҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.
Дар ин амри хайр насли ҷавон ҳамчун нерӯи пешрав ва бунёдкори ҷомеа нақши бузург дорад. Нангу номус, андешаи солим, донишҳои амиқи назариявию амалӣ ва ҳамқадами замона будани ҷавонон гарави ояндаи дурахшони давлат ва миллат мебошад.
Сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон чун мардумони дигар гӯшаву канори кишвари маҳбубамон бо заҳмати бурдборона, кӯшишҳои собитқадамона ва ҳадафҳои созандаву бунёдкорона дар таҳкими ваҳдати миллӣ ҳиссаи муносиб гузошта, дар зарфи 23 соли охир ба комёбиҳои беназир мушарраф гардидаанд. Бо ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар ноҳияи мо бунёд ёфтани даҳҳо корхонаҳои саноатӣ боиси рӯз то рӯз ободу пешрафта шудани диёри азизамон гаштааст. Дар ин муддат ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфта, дар рушди босуръати мамлакат саҳми босазо гузоштааст.
Ташаккули пайвастаи ғояи ваҳдати миллӣ дар зеҳну шуури насли наврас, бештар аз пештара рӯ ба тарзи ҳаёти солим ва донишандӯзӣ овардани ҷавонон, тараққиёти бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия гувоҳи он аст, ки аҳолии ноҳияи Ёвон бо андешаи ваҳдатгаро, бо кору амали софдилона ва бо ватандӯстии содиқона ваҳдати миллатро шиори худ намуда, дар амри тақвияту густариши он ва таҳким бахшидан ба рукнҳои давлати миллӣ иродаи устувору ношикаст доранд.
Мақсад аз таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин расидан ба қадру манзалати иттиҳоду ҳамбастагӣ ва дар асоси маърифати инсондӯстонаи ниёгонамон ба камол расонидани ваҳдату якдилӣ мебошад.
Дар анҷом мехоҳам суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам, ки бо мақсади таҳкиму тақвияти ин неъмати арзишманд гуфта шудаанд: «Мо истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки Ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем».
Бо камоли ифтихор 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳар як сокини сарбаланди ноҳия табрик ва муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон осудагию офият, бахту саодат ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон ояндаи дурахшон, пешрафту инкишофи бесобиқа таманно менамоям!
Поянда бод ваҳдати миллати тоҷик!
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони гиромӣ!