Наврӯз - навиди сол.

  • Posted on: 23 March 2020
  • By: korbar

23 марти соли 2020 дар шаҳраки Ёвон бахшида ба ҷашни Наврӯзи дилафрӯз тантанаҳои идона баргузор шуданд. Дар ин тантанаҳо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоҳир иштирок намуданд.

Қабл аз чорабиниҳои ҷашнӣ бо иштироки меҳмонон дар деҳоти ба номи Г.Юсуфова ду иншооти нав: нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таъмир ва шустани мошинҳо расман ифтитоҳ гардиданд.

Дар назди Наврӯзгоҳи марказӣ донишҷӯён, кӯдакон ва мутрибону ширинкорон меҳмонон ва раиси ноҳияро бо гулдастаҳо, шеъру тарона ва садои таблу карраной истиқбол гирифтанд.

Шаҳраки наврӯзӣ, ки бо саҳм ва кӯшиши ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шуъбаи маориф, коллеҷҳо ва литсейҳо, осорхона, кормандони соҳаи тандурустӣ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ созмон ёфта буд, бо рангу таровати тоза суннатҳо ва анъанаҳои наврӯзии аҷдоди соҳибфарҳангамонро бозгӯ менамуд.

Майдони назди Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ таъин гардида буд. Дар Наврӯзгоҳ беш аз 7 ҳазор меҳмонону сокинони ноҳия барномаи консертии аҳли ҳунарро, ки “Наврӯз - навиди сол” ном дошт, тамошо карданд.

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва меҳмонон- директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай муборакбод гуфтанд. Дар суханронии раиси ноҳия қайд гардид, ки : “Наврӯз айёми созандагиҳост. соҳибкорони бонангу номуси ноҳия бахшида ба ин ҷашни байналмилалӣ тадбирҳои ободонӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, 11 иншооти навро сохта ба истифода доданд. Умуман, аз 341 иншооте, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз аллакай 210-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд... Умедворем, ки Наврӯзи имсола бо қадами мубораки худ ба мардуми бофарҳанг ва заҳматдӯсти мо дар роҳи иҷрои нақшаҳои ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза меорад”.