Намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ

  • Posted on: 27 February 2020
  • By: korbar

27 феврал дар ноҳияи Ёвон намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд. Тавре маълум гардид, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мошину тракторҳо мустаҳкам буда, ҳолати техникии ҳамаи тракторҳои шудгору кишткунанда хуб мебошад.

Ноҳияи Ёвон яке аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо дар роҳи таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо ғизо, инчунин дигар маводу маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.