ТАСВИРИ СИМОИ МУҲИДДИН КАБИРӢ

  • Posted on: 28 August 2019
  • By: korbar

«Ба ман бигӯ, дӯстат кист ва ман мегӯям, ки ту кӣ ҳастӣ» - мақоли халқии русӣ.

I

ТАСВИРИ 1 – САИДЮНУСИ ИСТАРАВШАНӢ

Дар маводҳояш, ки ба вазъ монанданд, ӯ мунтазам зикр мекунад: ҳамеша бояд ҳақиқат, танҳо ҳақиқатро гуфт! Вале, худи ӯ тӯли 15 сол аст, ки дар бораи худаш ҳамин ҳақиқатро пинҳон медорад – муддати ин солҳо дар Эрон зиндагӣ мекунад, равияи шиаи дини исломро қабул кардааст, аммо дар  Фейсбук бошад, мавқеи зисташро Лубнон нишон медиҳад. 

Саидюнус бо духтари яке аз ходимони намоёни динӣ дар солҳои 90 – уми асри гузашта Мулло Маъруфҷон, ки ба Эрон кӯчида, шиа шуда буд ва баъдан ба Тоҷикистон баргашта, тавба карду аз ин домоди шиа рӯй гардонд, издивоҷ карда буд. Бубинед, барои чӣ…

Дар солҳои 2000-ум Саидюнус бо супориши махсуси хадамоти махсуси Эрон ҳамсари  худро ба шаҳри Тошканд фиристод. Зоҳиран ба хадамоти махсуси Ӯзбекистон рисолати махфии зан маълум буд. Дар Тошканд вай боздошт шуда, ба мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум гардид. Саидюнус озод шудани ҳамсарашро аз ҳабс интизор нашуд (чаро мунтазир шавад?! зиндагиро давом додан лозим аст!) ва дубора хонадор шуд. Вақте ки ӯ бо ҳамсари дуюмаш моҳи асалро мегузаронид, зани аввалаи ӯ рӯзҳои охири ҳаётро дар зиндони Ӯзбекистон паси сар менамуд ва дар он ҷо вафот кард.

Замоне, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият дошт, Муҳиддин Кабирӣ Саидюунусро, ки шиа шуда буд, сахт огоҳ мекард: мабодо дар бораи мо чизе нанависӣ, ки моро ҳам ба шиагароӣ муттаҳам мекунанд.

Вақте соли 2015 фаъолияти Ҳизби исломӣ мамнуъ шуд, Оятулло Саидунуси навбаромад яке аз  мубаллиғони асосии ғояҳои Муҳиддин Кабирӣ шуд.

ТАСВИРИ 2 – РАВШАНИ ТЕМУРИЁН.

О о о! Ин Барон Мюнхаузени тоҷик қаҳрамони аслии на танҳо як ҳикоя, балки як романи куллии сотирӣ аст! Ман бошам дар ин роман  бобҳои зеринро мегузоштам:

- - Боби аввал. Чӣ тавр Равшан дар Канада мақоми гурезаро соҳиб шуд.

- - Боби дуюм. Чӣ тавр Равшанро аз радиои «Озодӣ» ронданд.

- - Боби сеюм. Чӣ тавр Равшани питсатақсимкунак худро профессори кадом донишгоҳи Канада ҳисобида, ҳатто акси худро ҳамроҳи «донишҷӯёни маҳбуб» - аш дар Интернет ҷой додааст.

- - Боби чорум. Чӣ тавр Равшан бо тахаллуси «Сиёвуши Далерӣ» котиби масъули «Гурӯҳи 24» шуд. Ва чӣ гуна бачаҳои зираки ин гурӯҳ ӯро фиреб доданд ва ӯ бовар кард, ки дар оянда президенти Тоҷикистон хоҳад шуд!

Боби панҷум. Чӣ тавр Равшан дар Канада барои қочоқи таҷҳизоти идоравӣ боздошт шуд!

Ҳамин кофист! Давоми роман дар бораи ин одами бадбахт дилгиркунанда мешуд!

Дар ҳақиқат Равшан одами бадбахт аст. Ӯ ҳамеша дар ҳарос зиндагӣ мекунад – мабодо накунаду касе ниқобашро аз рӯяш кашаду симои аслии ӯро нишон диҳад! Пас чӣ гуна бояд  зист? Ҳол он, ки ин ниқобро борҳо аз рӯяш бардоштаанд. Вале ӯ чобукона ниқобашро аз нав мепӯшад. Ду сол қабл дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ман бори дигар фиребу найранги ӯро фош карда, бори дигар ниқобашро аз рӯяш кашида будам. Рӯзи дигар, бомдодон вай аз Канада ба ман занг зад ва бо овози ларзон гуфт: «Ако! Дар бораи ман дигар нанависед! Аз шумо илтимос мекунам!»

ТАСВИРИ 3 – ТЕМУРИ ВАРҚӢ

Ман ба Темур қавл дода будам, дар бораи чӣ гуна ӯ мақоми муҳоҷири сиёсиро гирифт, нақл мекунам. (ФБ 05/26/2019 с.) Ҳамин тавр вақт ҳам расид. Вақте банда тобистони соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омадам, ба тарҷумаи ҳоли "диссидент", шоир, тарҷумон, директори Департаменти иттилооти «Паймони Миллии Тоҷикистон» таваҷҷӯҳ зоҳир намудам. Ва ман бисёр чизҳои ҷолибро омӯхтам. Вазири иттилооти Кабирӣ ҳангоми кор ба ҳайси шореҳи рӯзномаи «Азия - плюс» бо ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле надошт. Дар оилаи ӯ мушкилот ба миён омад. Ҳангоме ки зану фарзандонаш дар муҳтоҷӣ ба сар мебурданд, Темур аксар вақт бадмастӣ мекард. (Ҳирс  доштан ба машрубот яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Темур аст.)

Ва дар ин ҷо Кабирӣ ӯро ба телевизиони САФО, ки ӯ дар Москва бо маблағгузории Эрон таъсис дода буд, даъват мекунад. Маоши ночизи корманди телевизион (Кабирии мумсик бошад, дигар пардохт карда наметавонист)  ба зӯр аз моҳ ба моҳ мерасид. Кормандони шабакаи телевизион нақл карданд, ки Темур зуд-зуд ба кор маст шуда меомад. Дӯстон, некхоҳон ба ӯ раҳм карданд ва нақшаи бисёрҷонибаи ба даст овардани мақоми муҳоҷири сиёсиро дар Аврупо пешниҳод карданд.

Темур, мувофиқи маслиҳатҳои дӯстонаш, остонаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро охурча карда, бе шарму ҳаё арз мекард, ки гӯиё - вайро хадамоти махсуси Россия ва Тоҷикистон таъқиб мекунанд. (Ман итминон надорам, ки Темур ба майдони биниши хадамоти махсуси Россия ворид шуда тавонад!). Вале барои созмонҳои зудбовари ҳуқуқи башар, он кор кард. Ӯро аввал ба Украина фиристоданд, ки дар он ҷо ӯ худро дар нақши муборизи иттилоотӣ бар зидди Россия месанҷад, аммо ҳеҷ гуна натиҷае ба даст намеовард. Аз Украина ба Франсия меравад.

Дар ниҳоят, орзӯи деринаи шоир ҷомаи амал пӯшид! Париж, шаурма, қашшоқию гуруснагӣ паси сар шуд!

Ӯро устод ном мебурдагӣ шуданд.

Аммо, шодӣ дер давом накард. Одамоне, ки Темурро мешинохтанд, фавран мушоҳида карданд, ки ӯ чи тавр зуд ба як «порсо», Мулло Тимур табдил ёфт. Дар Интернет дар бораи Темури воқеӣ суҳбат карданро шурӯъ намуданд.  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ боиси хандаи умум гашт. Саймиддин Дӯстов, Сафват Бурҳонов, Хайрулло Мирсаидов, Барит Қодирӣ, Марианна Арипова Темурро дар ФБ чунон тасвир карда буданд, ки дар ҷойи ӯ дигар кас мебуд, кайҳо худро  меовехт.

Ва ман ҳам дар бораи ӯ борҳо навишта будам. Аз ҷумла, дар бораи он ки чӣ гуна Темур дар мусоҳиба бо баъзе рӯзноманигори аблаҳ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро нерӯи бонуфузи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ номидааст! Ба гуфтаи Темур, ин ҳизб он қадар қавӣ ва бонуфуз аст, ки метавонад ҳамчун миёнарав байни гурӯҳҳои ҷангии Афғонистон амал кунад ва онҳоро оштӣ диҳад!

Ва Темур аз ҳеҷ чиз шарм надорад. Мафҳумҳои виҷдон, шаъну шараф, худписандӣ, худбаҳодиҳӣ барои ӯ шинос нестанд. Табиат ӯро аз шарм комилан маҳрум сохтааст. Аз ин рӯ, шармандагии навбатиро ӯ ба осонӣ таҳаммул кард. Тавре ки шумо медонед, пуштибону ғизобахши  Темур Кабирӣ нисбат ба Додоҷон Атовуллоев ҳисси бадбинии зиёд дорад. Таблиғгарони зархариди ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам амалҳои террор бармеангезанд, то ки Додоҷонро рӯҳан шикаст диҳанд. Ва Темур низ тасмим гирифт, ки аз зархаридони дигар ақиб намонад. Дар кӯшиши ба даст овардани як қисми иловагии шаурма, як ҷуфт ҷӯроб, футболка, кросовки, ҷузвдони нав (ин як чизи хеле зарурӣ аст! (охир Кабирӣ аксар вақт Темурро ҳангоми сафар дар Аврупо бо худ мегирад ва дар онҷо бе ҷузвдон барин чизҳо чӣ гуна бояд буд!) Додоҷонро дар ФБ бадном кард.

Шахси нотавон асабонӣ мешавад ва бо хашм ба муқобил исбот мекунад - ин ҳама дурӯғ ва тӯҳмат аст! Агар ба ҳуҷумҳои тӯҳматии Темур асабӣ мешуд, Додоҷон, Додоҷон намебуд.

Вақте ман ҷавоби Додоҷонро хондам, пас аз хомӯшии тӯлонӣ, хело хандидам ва як ҳаҷви тоҷикӣ ба ёдам омад – пашша дар хояи фил.

Аз Додоҷон иқтибос меорам: «Агар дар хонаи шумо тараканҳо бисёр шаванд, дар ҳамаи ҳуҷраҳо портрети Темурро овезед ва онҳо дарҳол нест мешаванд!».

 

 ТАСВИРИ 4 - АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ.

          Ана боз як шахси бадбахт! Ба ӯ дилам месӯзад. Дар айёми пирӣ  оила ва корро партофта,  ба умеди тақсимоти Кабирӣ ба  Аврупо омад!

Алим аввал ба Полша рафт. Баъди фаҳмидан, ки  дар ин ҷо кӯмакпулӣ ночиз аст, ӯ ба Австрия рӯ овард ва дар ин ҷо дар лагери гурезаҳо зиндагӣ кард. Баъди чанд вақт ӯро бо дастони баста аз Австрия ба Лаҳистон депорт карданд. Вай ба ин ҳама таҳқирҳо тоб овард, зеро дигар роҳи бозгашт надошт. То ба ҳол дар Хоруғ ӯ аз якчанд бонк қарздор аст. Алим аз пардохти қарз гурехта, муборизи озодӣ ва демократия шуд.

        

 

 

 ТАСВИРИ 5 - МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА.

Рӯзноманигори камтаҷриба. Вай ҳамчун котиби матбуотии Зайд Саидов кор мекард. Вақте Зайд ҳабс шуд, ӯ бекор монд ва Кабирӣ ӯро ба Аврупо даъват кард. Аввал ӯ дар Лаҳистон баъдан дар Австрия ва Олмон мақоми гурезагиро ҷустуҷӯ карда, аммо дар ҳама ҷо хоҳиши ӯро рад карданд. Ба Голландия кӯчид. Ва дар он ҷо ҳам тамоми кӯшишҳояш бенатиҷа монду муввафақ нагардид.

«- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоранд! – боре хашмгинона изҳор дошта буд писари Кабирӣ. - Агар дар Тоҷикистон алайҳи апаи Мавҷуда парвандаи ҷиноӣ боз мешуд,  ӯ метавонист ба осонӣ мақоми гурезаро соҳиб шавад!».

Аммо худи Мавҷуда низ айбдор аст. Бояд тибқи нақшаи муқарраршуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд маводҳои танқидӣ нисбати мақомоти Тоҷикистон паҳн мекард. Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба рӯйхати пайгарди байналмилалӣ ворид менамуд. Он гоҳ дар кишварҳои Аврупо ҳеҷ мушкилие намешуд – бубинед барои ҳамин навиштаҷот маро таъқиб мекунанд, наҷот диҳед!

    

           ТАСВИРИ 6 - ҲУМАЙРО БАХТИЕР (МУМИНОВА)

Вай инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хоҳар Ҳумайро маъруф аст - ҳамин тавр Кабирӣ ба вай муроҷиат мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Интернет дар бораи муносибатҳои пурасрори байни Муҳиддин ва Ҳумайро овозаҳо паҳн мешаванд. Журналисти заиф, аммо хушбахт  ва муваффақтарин «диссидент»!  Дар қиёс бо дигар «гурезаҳо», ки дар атрофи Кабирӣ ҷамъ омада буданд, Ҳумайроро лозим наомад, ки  дар лагерҳои гурезаҳо  зери таҳқир монад.  Ва бо баъзе мӯъҷиза, вай аз Фонди Ҳамбург барои шахсони таъқибшудаи сиёсӣ стипендияи   солона гирифт. 

Вақте ӯ бори аввал ба Олмон омад, баъзе рӯзноманигорон ӯро дар рӯйхати рӯзноманигорони тоҷик, ки мақомот таъқиб карда буданд, ёдрас карданд. Ӯро ин сахт ба ташвиш овард - ӯ на ҳамеша мавриди таъқибот қарор мегирифт, балки барои таҳсил омада буд! Муаллифи нашрияҳо аз ӯ  ба таври ошкоро бахшиш пурсиданд. Баъди  аз як сол  хоҳар Ҳумайро бо овози баланд изҳор мекунад ки: «Ман  журналисти оппозитсионерам!».

Одамони ҳолдон  ба ӯ лақаби «Тангемка» доданд. Дар хотир доред, микроавтобуси хурди чинии “Тангем”-ро, ки  як  вақтҳо кӯчаҳои Душанберо зер карда буданд? Дар соатҳои авҷи корӣ, дар ҳолати танбашавии роҳ  ин мошинҳо бо роҳҳои гуногун аз он бо осонӣ мебаромаданд.

          Ҳумайро мисли ҳамон “Тангем”  аст.  Агар касе Муҳиддин Кабириро танқид кунад, вай  фавран  ба  ҳимояи  ӯ бармехезад - вай чунин нест, вай  хуб аст!

          Албатта ӯ хуб аст! Хароҷоти Фонди зикршуда барои стипендияи ҳарсолаи Ҳумайро, ки бо мусоидати Кабирӣ пардохт  шудааст, зиёда аз 50 ҳазор евроро  ташкил медиҳад!

           Чанде пеш Ҳумайро рӯйирост як муноқишаи байналмилалиро ба амал овард, овозаеро  паҳн кард, ки падари ӯ  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон даъват карда шуд, аз ӯ   пурсидаанд, ки : "Духтари ӯ дар куҷост ва чаро ӯ таблиғгари Кабирӣ ва ҳизби ӯ шудааст?"

            Тааҷҷубовар он аст, ки САҲА, Созмонҳои аврупоии  журналистӣ  ва лоббистҳои Кабирӣ дар як шаб дар  шахси  Ҳумайро   симои “ситораи журналистикаи тоҷик”-ро сохта, ҳамаро ба шӯр оварданд, ки  гӯё  мақомот  ӯро  пайгирӣ  мекарда бошад!  Ва Бунёди Гамбург, ки барои  беасос додани стипендия  ба “ситораи нав” айбдор карда  мешуд, бо ҳамин роҳ  аз вазъияти ҳассос баромад.

         Мавҷуда, Ҳумайро,  тасвири   рақами ҳафт  Шабнам  (дар бораи ӯ  каме поёнтар) барои Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Аврупо  ниқоби  исломиро  бо демократия  иваз кардааст,  барои он даркоранд,   то нишон диҳад, ки  тавозуни гендериро дар сиёсати Иттиҳоди дурӯғгӯён риоя мекунад.

ТАСВИРИ  7 – ШАБНАМ ХУДОЙДОДОВА

Мехоҳед бидонед, ки  “ситораҳо”  чӣ гуна  тобнок мешаванд?  Ана ба шумо мисол. Шабнам дар яке аз қаҳвахонаҳои Санкт-Петербург табақшӯ  шуда,  кор мекард ва орзуи ситора шуданро надошт.

Дар ин кор ба ӯ хадамоти махсуси Тоҷикистон, ки гӯё дар симои як табақшӯ  шахси ба  амнияти  мамлакат  таҳдидкунандаро дидаву   ӯро тавассути рӯйхати байналмилалии  Интерпол  ҷустуҷӯ доранд,   “кӯмак” карданд.

Даври  ӯ расид! Ӯ тавассути Беларус  кӯшиши ба Лаҳистон рафтанро кард, вале муддате дар он ҷо боздошт шуд. Дар бисёр расонаҳои аврупоӣ боздошти вай ба хабари асосӣ табдил ёфт ва хадамоти махсуси Беларус ӯро раҳо карданд.

        Вай бо кӯмаки намояндаи созмони байналмилалии ҳуқуқи башар Human Rights Watch барои Осиёи Марказӣ Стив Свердлов  ба Лаҳистон расида, на танҳо мақоми гурезаро гирифт, балки ҳамчунин ... Ҳомии ҳуқуқи инсон гардид! Бале, бале! Шабнам як муборизи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гардид! Зиндагӣ барор кард!

        Дар Интернет аксҳои маҳрамонаи Шабнам ва Стив пайдо шуданд, ки ба онҳо  назар  кардан  нафратовар аст.

Кадоме зане  дар  ФБ ҷуръат карда,  ин аксҳоро масхара кардааст, ки  ғазаби Шабнамро ба вуҷуд овард: "Ба шавҳари ман нарас, медаронамата!" Тарҷумаи тоҷикии он бо вожаҳои дуздон ба вожаи русии дуздон  чунин  маъно  дорад: "Ба марди ман даст нарасон! Даҳонта медаронам! Чашмота мекобам! "(Филми"«Джентльмены удачи» -ро ба  хотир овардед?)

Акнун   имкон дошт,  ҳам модар ва ҳам духтарашро  аз ноҳияи Восеи  Тоҷикистон ба Аврупо даъват кунад. Ва дар инҷо ҳам хадамоти махсуси тоҷик ба Шабнам  бори дуюм “мусоидат” карданд,  то   ӯ  ситораи  боз ҳам тобнок гардад.

Ҳангоми парвоз ба Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе модар ва духтари ӯро  боздошт карданд, эҳтимол  бо мақсади бехатарӣ – мабодо  ин зани солхӯрда бо  наберааш Тоҷикистонро тарк карда, ба ДОИШ  напайвандад.

Давоми  чанд рӯз  дар тамоми сайтҳо, радио ва шабакаҳои телевизионӣ  Кабирӣ ҳамоишро  таҳти шиори «Озодии модар ва духтари Шабнам!» баргузор кард.

Шабнам  ин ҳолатест, ки  аз ҳар  каси бемағз метавон ситора сохт.

II

Инҳо танҳо баъзе аз ҷузъиётҳо  буданд. Ман ҳайрон шудани хонандагонро дидам -  симои Муҳиддин Кабирӣ  куҷост? Ман ба савол бо савол ҷавоб медиҳам -  магар  ман симои ӯро тасвир накардам?

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=859925891056472&id=100011172064953